четверг, 28 июля 2016 г.

Қиматтарин шаҳри Тоҷикистон.

Агар раддабандии киматтарин шахрҳои Тоҷикистон гузаронда шавад, бо боварӣ гуфтан метавон, ки Хоруғ дар он ҷои аввалро соҳиб мегардад.


Албатта, агар аз рӯи нархи тарабхонаву меҳмонхонаҳо Хоруғ  ҷои аввалро ба маркази ҷумҳурӣ ва шаҳри Хуҷанд бой диҳад, валекин аз рӯи нархи гарони маводи хӯрока ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ  мо пешсафи ҷумҳурӣ ҳастем, ба шарте агар Мурғобро шаҳр наҳисобем,  дар он ҷо нархҳо боз ҳам баландтаранд. Дурдаст будани маркази вилоят аз бозорҳои шаҳрҳои калон ва вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз сабабҳои асосии баланд будани нархи онҳо маҳсуб меёбад. Аз рӯи тахмин  90% номгӯи маводи хӯрока ва маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои вилоят аз минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва давлатҳои ҳамсоя ворид мегардад. Албатта бо назардошти хароҷот барои кашондани маҳсулот то бозорҳои ВМКБ нархи он гаронтар мешавад, валекин аз тарафи дигар маҳз ин сабабро ҳаннотону муфтхӯрони бозор ба мақсади ба даст овардани даромади зиёд баҳона сохта, нархро осмонӣ мегардонанд.
Фасли тобистон дар бозорҳои вилоят талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад, дар худи вилоят сабзавоту картошка фақат аввалҳои тирамоҳ ҷамъоварӣ мегардад. Ва ҳамаи он маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз минтақаҳои дигар оварда мешавад нархи дандоншикан дорад. Дар инфографикаи дар зер нишондодашуда шумо метавонед нархҳои шаҳри Хоруғро бо шаҳри Душанбе қиёс намоед. 

161616

Мутаассифона, тавре қайд сохтем, хароҷот барои кашондани маҳсулот то Хоруғ барои ҳаннотон ва муфтҳурони бозор роҳҳои васеъ мекушояд. Дар бозори шаҳри Хоруғ, агар маҳсулоти арзонтареро рӯзи дароз ҷӯё шавед, онро нахоҳед ёфт, дар ҳама ҷо нархҳо якхела ҳастанд. Ин худ як нишонаи он ҳаст, ки миёнравон ва савдогарони бозор маслиҳат оид ба дар як сатҳ нигоҳ доштани нархро кайҳо пухтаанд. Дар баъзе мавридҳо, вакте бо сабабе роҳи Хоруғ-Душанбе баста шавад, барои савдогарони бозори Хоруғ «рӯзҳои беҳтарин» фаро мерасанд, дар ин рӯзҳо бо баҳонаи он, ки роҳ баста ҳаст, нарҳо ба маротиб гарон мешаванд. Бори охир чунин болоравии нархҳо дар рӯзҳои Иди Фитр ба қайд гирифта шуд, дар ин рӯзҳо савдогарон ва боркашонҳо идро дар хонаҳояш қайд мекарданд ва чанд рӯз ба бозори Хоруғ маҳсулот ворид намегашт. Дар ин рӯзҳо нархи сабзиву помидор  то 10 сомони боло рафт. Имрӯзҳо гарчанде нархҳо пасттар шуданд, вале то ҳол барои бештари харидорон онҳо гаронанд.



Давоми моҳи охир кормандони раёсати зиддиинҳисорӣ чанд рейде барои коҳиш додани нархҳои бозор гузаронида буданд, валекин ба қавли харидорон ин рейдҳо қариб, ки натиҷае надоранд.



Ба қавли иқтисодшиносон, ба низом даровардани нарху наво тавассути рейдҳои ҷудогона ва супоришҳо аз боло хеле мушкил ва ҳатто номумкин ҳаст. Бозор нархро худаш муаян мекунад, дар ин ҷо бояд шароитҳои рақобати дуруст мусоид шаванд, бояд бо ҳаннотон мубориза бурд. Ба қавли сардори ассосиасияи фермерон ва соҳибкорони вилоят Боймамад Алибахшев, маҳсулоти деҳқон аз даст ба даст рафта, то бозор нархи он гаронтар мешавад ва аз ин кор фақат муфтхӯрон фоидаи беш ба даст меоранд.


Вақте ба Хоруғ меҳмонон аз дигар манотиқи кишвар мебиёянд, онҳо аз чунин гаронии нархҳо дар ҳайрат меафтанд, ки чи гуна бо чунин нархҳо метавон зист. Вале шаҳрвандони Хоруғ, ки давоми солҳои зиёд маҷбуран бо ин нархҳо мутобиқ гаштаанд, дар ҷавоб фақат мақоли халқиеро ба ёд меоранд, ки аз ин бадтар нагардад.
                                                             Шонавруз Афзалшоев.
                                                             Амон Мардонов
                                                             Махмуд Рахимбеков.